МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЛЕОНИД КУЧМА

Май 26, 2010 17:59

26 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ Президенти Украина Леонид Кучмаро, ки бо сафари хусусӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Украина ва дурнамои он баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Леонид Кучма дар гузоштани асоси устувори муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар  баҳои баланд дод. Мусоҳибон таъкид бар он доштанд, ки Тоҷикистону Украина дорои имкону захираҳои фарох барои таҳким ва густариши бештари ҳамкорӣ мебошанд ва изҳори боварӣ намуданд, ки баҳрабардории васеъ аз ин имконот ба манфиати ду давлати дўст ва мардумони онҳо аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.    

Май 26, 2010 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд