МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЛЕОНИД КУЧМА
26 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ Президенти Украина Леонид Кучмаро, ки бо сафари хусусӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Украина ва дурнамои он баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Леонид Кучма дар гузоштани асоси устувори муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар баҳои баланд дод. Мусоҳибон таъкид бар он доштанд, ки Тоҷикистону Украина дорои имкону захираҳои фарох барои таҳким ва густариши бештари ҳамкорӣ мебошанд ва изҳори боварӣ намуданд, ки баҳрабардории васеъ аз ин имконот ба манфиати ду давлати дўст ва мардумони онҳо аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






