МУЛОҚОТИ ЗАРИФӢ БО РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲОИ ХОРИҶӢ

Май 19, 2010 16:14

Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). —  18 май дар ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ, ки дар Душанбе шуда истодааст, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо роҳбарони як қатор ҳайатҳои иштирокчии ҷаласа мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуд. Дар мулоқотҳои Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Таиланд Касит Пиромя, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Наҳа бинт Ҳамди вулд Микнос, Вазири захираҳои обии Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Абдулмолик Салол, Муовини Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Албания Илир Мета, Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Мамлакати Баҳрайн Низор ибни Содиқ ал-Баҳорина, Котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Подшоҳии Марокаш Латифа Ахарбаш, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Гамбия Усман Чаммех, Вазири давлатии Ҷумҳурии Исломии Покистон Навобзода Малик Аҳмадхон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон Залмай Расул масъалаҳои густариши ҳамкориҳо, ҳадастиҳо дар доираи Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳи тарафҳо муҳокима шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд.

Май 19, 2010 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!