МУЛОҚОТИ ЗАРИФӢ БО РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲОИ ХОРИҶӢ
Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 18 май дар ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ, ки дар Душанбе шуда истодааст, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо роҳбарони як қатор ҳайатҳои иштирокчии ҷаласа мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуд. Дар мулоқотҳои Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Таиланд Касит Пиромя, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Наҳа бинт Ҳамди вулд Микнос, Вазири захираҳои обии Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Абдулмолик Салол, Муовини Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Албания Илир Мета, Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Мамлакати Баҳрайн Низор ибни Содиқ ал-Баҳорина, Котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Подшоҳии Марокаш Латифа Ахарбаш, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Гамбия Усман Чаммех, Вазири давлатии Ҷумҳурии Исломии Покистон Навобзода Малик Аҳмадхон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон Залмай Расул масъалаҳои густариши ҳамкориҳо, ҳадастиҳо дар доираи Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳи тарафҳо муҳокима шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






