МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЛАҲИСТОН ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Май 4, 2010 11:09

Душанбе,  4 май. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина ). —  Роҳбари шӯъбаи  тиҷорат  ва  сармоягузории сафоратхонаи  Ҷумҳурии  Лаҳистон  дар  Тоҷикистон Славомир  Стшалковски  зимни  сӯҳбат бо  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  муносибатҳо  ва  ҳамкории мамлакаташ  бо  Тоҷикистон тӯли  солҳои охир  муттасил  густариш  меёбанд.  Бо  вуҷуди  ин  дар  натиҷаи  таъсири  бӯҳрони  шадиди  молиявӣ  ҳаҷми  хариду  фурӯши  мол  дар  байни   ҳар  ду  мамлакат  то  андозае  кам  гардида,  маблағи  он  соли  гузашта  каме  бештар  аз 13  миллион  доллари  ИМА – ро ташкил  дод.  Бояд  гуфт, ки  ин  ба талабот  ва  имкониятҳои  ҳар  ду  мамлакат  комилан   мувофиқат  намекунад.  Лаҳистон  соли гузашта  ба  Тоҷикистон  ба  маблағи 6,2   миллион  доллари  ИМА  мол  фиристода,  аз  Тоҷикистон  ба  маблағи  6,9  миллион  доллари  ИМА  мол   харид.  Аз   Лаҳистон  ба Тоҷикистон асосан  маводи  озуқа,  маҳсулоти   саноати  химия ва  мошину  дастгоҳ   фиристода  мешавад. Мо  аз  Тоҷикистон  маҳсулоти  кишоварзӣ  ва  маҳсулоти  корхонаи  муштараки  «Тоҷполтекс» — ро  ворид  месозем. Натиҷаҳои  се  моҳи  аввали  соли  равон  моро  умедвор  месозад, ки  ҳаҷми  хариду фурӯши мол  байни  ҳар  ду  кишвар  солҳои оянда  рӯ ба  афзоиш  хоҳад  ниҳод  Бояд  гуфт, ки  Лаҳистон  ба  рушди  муносибатҳои  иқтисодӣ  ва  тиҷоратӣ  бо  Тоҷикистон  манфиатдор  аст.  Ин  дар  ҷараёни  мулоқоти  сиёсию  иқтисодии байниҳукуматии  Тоҷикистону  Лаҳистон  махсус  таъкид  карда шуд, ки  моҳи октябри соли гузашта дар  Душанбе баргузор гардида буд.      Дар  ҷараёни  ҳамин  мулоқот  созишномаи  ҳамкории  иқтисодии  ҳар  ду  мамлакат ба  имзо расид. Соли равон  дар  Варшава  маҷлиси нахустини   комиссияи  байниҳукуматии   ҳамкории  иқтисодии  Лаҳистону  Тоҷикистон  баргузор  мегардад. Лаҳистон  бо  Тоҷикистон  дар  соҳаҳои   саноати   сабуку  бофандагӣ,  сохтмон,  истеҳсоли  масолеҳи  бинокорӣ,  саноати  химия,  кишоварзӣ,  коркарди   меваю  сабзавот,  энергетика ва  истихроҷи  маъдан  ҳамкорӣ  карда  метавонад. Сафоратхонаи  Ҷумҳурии  Лаҳистон  соли гузашта  ҳамроҳи  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  барои  соҳибкорон  дар  шаҳрҳои  Хуҷанд  ва  Душанбе  силсилаи  семинарҳо  ташкил  намуд.  Чунин  семинарҳо  ояндаи  наздик   дар  вилояти  Хатлон  ва ВМКБ  гузаронида  мешаванд. Ҳамаи  ин,  бешубҳа ба равнақу  ривоҷи муносибатҳои ҳар  ду  кишвар  мусоидат  хоҳад  кард, гуфт  дар  хотима   намояндаи  сафоратхонаи   Лаҳистон. 

Май 4, 2010 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!