МУСОБИҚАИ ЗАВРАҚРОНӢ
Хуҷанд, 5 май. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов). — Бо ибтикори идораи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд дар соҳили дарёи Сир мусобиқаи заврақронӣ баргузор гардид. Дар ин сабқат наврасони соли таваллудашон 1991-1995 ширкат варзида, қабл аз оғози мусобиқа онҳо бо қоидаҳои бехатарии шиноварӣ шинос шуданд. Дар ин мусобиқа ҷавонтарин ва беҳтарин заврақронон дар масофаи аз 200м. то 1000м. байни ҳам қувва озмуданд. Ғолибон бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардида, ба мусобиқаи вилоятӣ, ки 13-14-уми май ва ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки 23-24-уми май дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






