МУСОДИРАИ САБТҲОИ ЗИДДИАХЛОҚӢ
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони бахши кофтукови ҷиноии вилояти Суғд, соҳиби мағозаи хизматрасонии компютерӣ воқеъ дар кӯчаи Пахтакори шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, соҳибкор Сӯҳроб Сафарови 24 — сола, истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур дастгир гардид. Тибқи иттилои корманди дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, вақти кофтукови мағозаи мазкур 14 адад дискҳои DVD дорои сабтҳои хусусияти порнографӣ дошта, дарёфт карда шуд. Бояд қайд намуд, ки оид ба ин дискҳо маълумотномаи Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилояти Суғд аз 5 майи соли равон мавҷуд аст. Нисбати ин далел бо моддаи 241 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






