НАҚШАИ БАРРАГИРӢ ИҶРО ШУД
Турсунзода, 27 май. (АМИТ «Ховар». Ҳотам Рабиев) — Чорводорони хоҷагиҳои ноҳияи Турсунзода аз 100 сар меш 96 сарӣ барра гирифта, нақшаро бо сарбаландӣ иҷро карданд. Дар ин бобат чорводорони хоҷагиҳои ба номи Аскаралӣ Мирзоев, «Боғи Сомон», Қурбоналӣ Бўриев, Кенҷа Назиров, «Дўстӣ», «Намуна» пешсафанд. Алҳол, саршумори гўсфандон дар хоҷагиҳои ноҳия ба ҷои 7 ҳазору 779 сари дар нақша буда, ба 8 ҳазору 76 сар расонида шудааст. Тавре сарзоотехники раёсати кишоварзии ноҳия Абдулҳафиз Маҳмадалиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, алҳол рамаҳои гўсфандон ба чарогоҳҳои тобистона роҳсипоранд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






