НАМОЯНДАГОНИ 50 МАМЛАКАТ ДАР ДУШАНБЕ ҶАМЪ МЕОЯНД

Май 25, 2010 16:54

Душанбе,  25 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова ). —  Аз  8  то  10  июни  соли равон  дар  шаҳри  Душанбе  бахшида  ба  проблемаҳои об конфронси  байналхалқӣ  баргузор  мегардад. Дар  ҷараёни он  рафти  иҷрои  тадбирҳои  миёнамӯҳлати  Даҳсолаи  байналмилалии   амалиёти  «Об  барои зиндагӣ»  таҳлил  карда  мешаванд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   дар  конфронси  мазкур   намояндагони   50  мамлакат, инчунин  50 созмони байналмилалӣ,  минтақавӣ,  созмонҳои  ғайридавлатӣ,  сафирон,  вазирон,  муассисаҳои  молиявӣ,  олимон ва  соҳибкорону тоҷирон иштирок  хоҳанд  кард. Ҳамчунин   иштироки   намояндагони  СММ, САҲА, СҲШ, СКИ,  Созмони  ҳамкории  иқтисодӣ,  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ,  Ҷомеаи   иқтисодии  Евразия  ва  ғайра ба  нақша  гирифта шудааст. Дар  маросими  ифтитоҳи  конфронс   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  иштирок  ва  суханронӣ  менамояд. Дар  ҷараёни  конфронс   ташкили   маҳфилу  машваратҳо  дар  мавзӯъҳои  марбут  ба   сарфаю  саришта, истифодаи оқилонаи  об   ва  ҳамкории  мамлакатҳои  ҷаҳон  дар  ин  бобат  пешбинӣ  карда  мешавад. Қарори  гузаронидани  конфронси  мазкур  бо ташаббуси  Ҳукумати  Тоҷикистон  моҳи  декабри  соли  2009  дар   иҷлосияи  64 – уми Маҷмаи  кулли  СММ   қабул  шуда буд. Муовини   вазири   корҳои  хориҷии  ҷумҳурӣ  Маҳмудҷон  Собиров  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки   конфронси  байналмилалӣ  ба  муҳокимаи  масъалаҳои   муҳимтарини   марбут ба  истифодаи  оқилонаи   захираҳои  об,  афзунтар  сохтани  самараи   истифодаи  он  дар  соҳаҳои  гуногуни  иқтисодиёт,  аз  ҷумла,  дар  соҳаҳои  кишоварзӣ,  энергетика,  тағйир  ёфтани   иқлим,   сафарбар  намудани   захираҳои  молиявӣ,   имкониятҳои  соҳавии  беҳтар  сохтани  сифати об,  масъалаҳои  гендерӣ,  беҳтар  сохтани таъминоти  аҳолии  мамлакатҳои  Осиё  ва  Африқо  бо  оби  тоза  ва  ғайра  бахшида  мешавад. М.Собиров  афзуд, ки  дар  фарҷоми  конфронс  эъломияи  вазирон  қабул  карда  хоҳад шуд.  Дар  он  натиҷаҳои  нимаи  аввали  Даҳсолаи   байналмилалии  амалиёти «Об барои  зиндагӣ» инъикос   карда  мешаванд.  Эъломия  инчунин  тавсияҳо  ва  пешниҳодҳоро  дар  бораи  афзун  гардонидани  самараи   тадбирҳо   дар  сатҳи   миллию  минтақавӣ  ва байналмилалӣ  дар  давраи  дуюми  даҳсола  дар  бар  мегирад. Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   эъломияи   вазиронро  ба  муҳокимаи   иҷлосияи  панҷуми  Маҷмаи  кулли  СММ  пешниҳод  хоҳад  кард. Конфронси  байналмилалӣ  бо кӯмаки  молиявии  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Муассисаи  рушди СММ, САҲА, ЮНЕСКО ва  иштироки  бевоситаи  раёсату  шӯъбаҳои  дахлдори  СММ  гузаронида  мешавад.

Май 25, 2010 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад