НАМОЯНДАГОНИ АП СААД ДАР КУҶО ҶАМЪ МЕОЯНД?
Душанбе, 31 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Маҷлиси нахустини сайёри Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ аз 1 то 2 –юми июни соли 2010 дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван баргузор мегардад. Дар маҷлис, ки таҳти раёсати Раиси Думаи Давлатии Федератсияи Русия, Раиси Ассамблеяи парлумонии СААД Борис Грызлов баргузор мегардад, намояндагони парлумонҳои давлатҳои Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Белорус иштирок менамоянд. Аз шӯъбаи равобити байнипарлумонии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маҷлиси сайёр Тоҷикистонро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Назира Ғаффорова ва муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Амирхон Сафаров намояндагӣ менамоянд. Дар маҷлис масъалаҳои тақвияти ҳамкории давлатҳо дар доираи СААД баррасӣ мешаванд. Интизор меравад, ки иштирокдорони маҷлиси сайёр бо Президенти Арманистон Серж Саргсян, Раиси Маҷлиси Миллии Арманистон Овик Абрамян ва Вазири мудофиаи Арманистон Сейран Оганян мулоқот менамоянд. Инчунин, намояндагони парлумонҳои Ассамблеяи парлумонии СААД аз муҷтамеи меъмории ёдгории қурбониёни таъбизи нажодии арманиҳо, воқеъ дар боғи «Цицернакаберд» боздид менамоянд. Бояд зикр кард, ки Ассамблеяи парлумонии СААД моҳи майи соли 1992 созмон дода шуда, ҳафт давлат – Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид месозад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






