НАМОЯНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБОТИ ГУРҶИСТОНРО НАЗЗОРА МЕНАМОЯНД

Май 20, 2010 14:56

Душанбе, 20 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ду намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозир ҷараёни баргузории интихоботи мақомоти мунитсипалии Гурҷистонро, ки 30 майи соли ҷорӣ баргузор мегардад, мушоҳида менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов иттилоъ дод. Мавсуф иброз дошт, ки интихоботи мақомоти мунитсипалӣ дар Гурҷистон дар давоми 5 сол як маротиба гузаронида мешавад. Тирамоҳи соли ҷорӣ дар Озарбойҷон низ  интихоботи мақомоти мунитсипалӣ гузаронида мешавад, афзуд М. Додоҷонов.  

Май 20, 2010 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд