НАМОЯНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБОТИ ГУРҶИСТОНРО НАЗЗОРА МЕНАМОЯНД
Душанбе, 20 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ду намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозир ҷараёни баргузории интихоботи мақомоти мунитсипалии Гурҷистонро, ки 30 майи соли ҷорӣ баргузор мегардад, мушоҳида менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов иттилоъ дод. Мавсуф иброз дошт, ки интихоботи мақомоти мунитсипалӣ дар Гурҷистон дар давоми 5 сол як маротиба гузаронида мешавад. Тирамоҳи соли ҷорӣ дар Озарбойҷон низ интихоботи мақомоти мунитсипалӣ гузаронида мешавад, афзуд М. Додоҷонов.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






