НАРХИ БЕНЗИН БОЛО МЕРАВАД Ё НЕ ?
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз рӯи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо зимни ворид сохтани маводи сӯхт ва равғанҳои молиданӣ аз Туркманистон ба Тоҷикистон ба маблағи 20 фоизи арзиши он андози арзиши изофа ва андози аксиз гирифта мешавад. Дар худи Тоҷикистон ҳам зимни ворид сохтани сӯзишворӣ ба андозаи 18 фоизи арзиши он андози арзиши изофа ва аз ҳар тоннаи сӯзишворӣ ба маблағи 20 евро андози аксиз мегиранд. Илова бар ин ба андозаи 5 фоизи арзиши сӯзишворӣ боҷи воридотии гумрук ситонида мешавад. Туркманистон маводи сӯхти худро ба воситаи савдоҳои музояда ба мамлакатҳои дигар мефурӯшад. Мамлакатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия мувофиқи созишномаи сарфи назар кардани андозбандии дубора танҳо аз мамлакати истеҳсолкунандаи маводи сӯхт андоз мегиранду халос. Вале Русия аз фурӯши маҳсулоти нафт боҷи содиротӣ мегирад. Ҳукумати Русия 1 майи соли равон дар бораи зиёд кардани боҷи содиротии маҳсулоти нафт қарор қабул кард. Акнун барои фурӯши як тонна бензин дар ин ҷо ба ҷои 193,5 доллари ИМА 203,7 доллар боҷи содиротӣ гирифта мешавад. Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ соли 2009 ба Тоҷикистон 634,2 ҳазор тонна маводи сӯхт ворид карда шуд. Аз ин ҷумла, 551,3 ҳазор тонна аз Русия, 15,7 ҳазор тонна аз Туркманистон ва 67,2 ҳазор тонна аз мамлакатҳои дигар ворид карда шуданд. Дар давоми чор моҳи аввали соли 2010 ба Тоҷикистон 191,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафт ворид карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад






