НИЯТҲОИ НЕКИ «ТАЛКО»
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои котиби матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии «Алюминии Тоҷик» (ТАЛКО) Саёҳат Қодирова, роҳбарияти корхонаи мазкур дар қатори садҳо муассисаву идораҳои ҷумҳурӣ то моҳи ноябри соли 2010 барои зарардидагони офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои дигари ин минтақа 50 хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода медиҳад. Боиси тазаккур аст, ки ба наздикӣ ширкати алюминии Тоҷикистон ва шарики он «ТАЛКО -менеҷмент» барои зарардидагони офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон кӯмаки башардӯстона аз қабили асбобҳои рӯзгор, 1000 дона бистару болишт, 1000 дона сачоқ, 3 ҳазор дона маводи санитарӣ, 3 ҳазор зарфи об, 7 тонна хлор ва беш аз 500 доруқуттӣ (аптечка) кӯмаки башардӯстона намуданд. Дар ин рӯзҳо расонидани кӯмакҳои башардӯстона аз ҷониби ашхоси саховаватпеша ба зарардидагони шаҳри Кӯлоб идома дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






