ОҒОЗИ САРМОЯГУЗОРӢ БА МАБЛАҒИ 1 МЛРД. 300 МЛН. СОМОНӢ

Май 24, 2010 08:57

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар вохӯрие, ки вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар Бонки миллӣ бо намояндагони созмонҳои  бонуфузи байналмилалӣ доир намуд, бо пуштибонӣ аз Паёми   Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ зикр карда шуд, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат  55 лоиҳаи сармоягузорӣ аз ҷоиби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маблағи 8 млрд. сомонӣ ҷалб карда шудааст. Танҳо соли ҷорӣ татбиқи 14 лоиҳаи нави сармоягузории давлатӣ ба маблағи 1млрд. 300 млн. сомонӣ оғоз  гардидааст. Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов оид ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни вазорати мазкур ва ташкилоту созмонҳои  донорӣ сухан ронда, оид ба натиҷаву   самараи лоиҳаҳои татбиқшуда нисбат ба фаъолияти Барномаи рушди СММ, лоиҳаи кӯмаки техникии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо, Сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон, Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ, қарордоди тарафайн байни ҷамъияти ҳамкориҳои техникии Олмон, ТИКА ва Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикстон» баҳои баланд дод.

Май 24, 2010 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад