ОҚИБАТИ ФАЛОКАТ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАД

Май 14, 2010 09:38

Хуҷанд,  14 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —  Тавре  хабар  дода шуда буд, 12  май  дар  деҳаи  Сурхчаи  ҷамоати  Калининободи  ноҳияи  Ғончӣ  бар  асари   боронҳои  тӯлонӣ  сел  омад.   Дар  натиҷа  сокини  13  солаи  деҳа  ғарқ  шуд. Сардори  ситоди   вилоятии   ҳолатҳои  фавқулодда  полковник  Баҳром  Додов ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки   қабл  аз ин   дар  натиҷаи  омадани  сел  дар  деҳаи  Хушекати  ҷамоати  Ростровути  ҳамин  ноҳия  9  хона   пурра  ва  8  хонаи  дигар  қисман  хароб  гардид.   Одамони  бесарпаноҳмонда фавран  дар  хаймаҳо  ҷой  дода шуданд. Хабар  дода  мешавад, ки  дар  ноҳияи  Ғончӣ  бар  асари   боришҳои  тӯлонӣ  ва  сел   чандин  биноҳои иҷтимоӣ,  7  километр  роҳи  мошингард,  300 метр  хати  интиқоли  барқ,  чанд  кӯпрук,  500 метр  канал, 3  гектар  киштзор  зери об  монда,  25  сар   чорво  талаф  ёфт.  Зарари  умумии  фалокат  892  ҳазор  сомониро ташкил  медиҳад. Раиси  вилояти  Суғд Қоҳир  Расулзода  12  май  деҳаҳои   зарардидаро  аз  назар  гузаронид.   Ӯ  ба  сокинони  зарардида маводи озуқа,  либос,  кампалҳои гарм  ва  ғайра тӯҳфа  намуд. Мутахассисон  муайян  намуданд,  ки  хонаҳои   харобгардида,  дар   ҷойҳои  селрав  сохта  шудаанд. Қоҳир Расулзода  супориш  дод, ки  оилаҳои  бесарпаноҳмонда ба  ҷои  бехатар  кӯчонида  шаванд. Қайд  карда  мешавад, ки барои онҳо  дар  ноҳияи  Зафаробод  барои  сохтмони  манзил  қитъаҳои  замин  ҷудо  карда  мешавад.

Май 14, 2010 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд