ОҚИБАТИ ФАЛОКАТ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАД
Хуҷанд, 14 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Тавре хабар дода шуда буд, 12 май дар деҳаи Сурхчаи ҷамоати Калининободи ноҳияи Ғончӣ бар асари боронҳои тӯлонӣ сел омад. Дар натиҷа сокини 13 солаи деҳа ғарқ шуд. Сардори ситоди вилоятии ҳолатҳои фавқулодда полковник Баҳром Додов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки қабл аз ин дар натиҷаи омадани сел дар деҳаи Хушекати ҷамоати Ростровути ҳамин ноҳия 9 хона пурра ва 8 хонаи дигар қисман хароб гардид. Одамони бесарпаноҳмонда фавран дар хаймаҳо ҷой дода шуданд. Хабар дода мешавад, ки дар ноҳияи Ғончӣ бар асари боришҳои тӯлонӣ ва сел чандин биноҳои иҷтимоӣ, 7 километр роҳи мошингард, 300 метр хати интиқоли барқ, чанд кӯпрук, 500 метр канал, 3 гектар киштзор зери об монда, 25 сар чорво талаф ёфт. Зарари умумии фалокат 892 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 12 май деҳаҳои зарардидаро аз назар гузаронид. Ӯ ба сокинони зарардида маводи озуқа, либос, кампалҳои гарм ва ғайра тӯҳфа намуд. Мутахассисон муайян намуданд, ки хонаҳои харобгардида, дар ҷойҳои селрав сохта шудаанд. Қоҳир Расулзода супориш дод, ки оилаҳои бесарпаноҳмонда ба ҷои бехатар кӯчонида шаванд. Қайд карда мешавад, ки барои онҳо дар ноҳияи Зафаробод барои сохтмони манзил қитъаҳои замин ҷудо карда мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






