ОБ — ШАРТИ АСОСИИ ЗИНДАГӢ

Май 31, 2010 14:25

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Об барои инсон аҳамияти  ҳаётан  муҳим  дорад ва  тамоми  рӯйдодҳои  ҷаҳон  ба  он  вобастаанд, ки  шарти  асосии  зиндагии  мӯътадили  тамоми  мавҷудоти зинда,  пеш  аз  ҳама  инсон   мебошад. Бинобар  ин,  ҳуқуқи  баҳрабардорӣ  аз  обро,  ки Созмони  Милали  Муттаҳид   эълон  кардааст,  ҳамчун  «ҷузъи  ҳаётан  муҳими  таъминкунандаи  шаъну  эътибори  инсонӣ» ва  ҳамчун  «заминаи  таъмини  ҳуқуқҳои  дигари  инсон»  баррасӣ  кардан  зарур  аст», — суханронии  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  мулоқоти  махсуси  сатҳи  олӣ дар  мавзӯи «Об ва  беҳдошти санитарӣ барои  ҳамагон», ш. Ню – Йорк, 24  сентябри соли 2008. Дар ҳақиқат об манбаи асосии ҳаёт буда, истифодаи  оқилонаи он барои  қонеъ  гардондани  эҳтиёҷоти  ҳамаи  одамон ва  дар  баробари  ин, ба таври  ҷиддӣ ба  ҳисоб  гирифтани эҳтиёҷоту  талабот ва  қонунҳои  табиат зарур аст.             Мавриди зикр аст, ки бо қарори Асамблеяи 55-уми Генералии Созмони Миллали Муттаҳид солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об —  барои ҳаёт» эълон гардид, ки дар ин кор саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Дар доираи ин даҳсола, бо ибтикори Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8-10 июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналхалқии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» 2005-2015 баргузор мегардад, ки дар кори он намояндагони 192 кишвари узви СММ, зиёда аз 60 ташкилоти байналхалқӣ ва минтақавӣ, созмонҳои молиявӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва соҳибкорӣ ширкат хоҳанд варзид. Гуфтанист, ки соли 2010-ум соли оғози қисми дуюми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об – барои ҳаёт» буда, эълон гардидани соли 2012 Соли байналмилалии дипломатияи об, бешубҳа, барои расидан ба ҳадафҳои даҳсола такони тоза бахшида, ба таҳкими ҳамкорӣ ва эҷоди муносибатҳои нав миёни кишварҳои канори дарёҳо дар танзими масъалаҳои марбут ба об мусоидат хоҳад кард. Мувофиқи ҳисоби  олимон, имрӯз ҳаҷми умумии гидросфера 1,5 миллиард км3-ро ташкил медиҳад, вале мутаассифона, аз ин микдор обҳои нӯшокӣ дар гидросфера ҳамагӣ 360000 км3 , ё ин ки 25 фоиз рост меояду халос. Ҳоло дар қитъаи Осиё як миллиард, дар Африко 350 млн, Америкаи Лотинӣ зиёда аз 100 млн. аҳолӣ аз норасоии  оби нӯшокӣ азият мекашанд. Олимон   исбот   намудаанд,   ки барои фаъолияти  мӯътадили организми   инсон дар як шабонарӯз 20-25 литр оби   нӯшокӣ лозим аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки қадру манзалати об аз ҳамаи неъматҳои дигар болотар ва муқаддастар аст. Имрӯз бошад, аз тамоми захираҳои обҳои нӯшокии мавҷуда  5 фоиз барои корҳои коммуналӣ, 15 фоиз барои саноат, 80 фоиз барои  хоҷагии қишлок сарф гардида, қисми зиёди об дар  хочагии халк ва саноат истифода мешавад. Табиист, ки дар ин соҳаҳо сарфакорӣ нисбат ба истифодаи об дар сатҳи лозима қарор нагирифтааст.          Олимон исбот кардаанд, ки барои истеҳсоли 1-тонна гандум 1500 метри мукааб, барои истеҳсоли 1 тонна пахта 30000 метри мукааб об сарф мешавад. Тоҷикистон бо вуҷуди дорои захираҳои бузурги об (зиёда аз 900 дарёҳои хурду бузург) будан, мекӯшад ба захираҳои табиат ғамхорона рафтор намуда, сарфаҷӯйии обро самаранок таъмин намояд. Мувофиқи маълумоти Созмони Миллали Муттаҳид ҳоло дар рӯи замин истифодаи умумии об ба бештар аз 2838 км. кубӣ дар як сол расида, зиёда аз нисфи масрафи об ба қитъаи Осиё рост меояд, зеро дар ин минтақа 60 фоизи аҳолии сайёра умр ба сар мебарад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2009 дар мубоҳисаи умумии иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонро бори дигар ба масъалаи истифодаи самараноки об ва хушкшавии баҳри Арал ҷалб намуда, қайд карда буд, ки: «Сабаби асосии ин фоҷиаи экологӣ азхудкунии миқёсан зиёди замин барои зироатҳои обталаб, ба монанди пахта ва шолӣ мебошад». Дар айни ҳол роҳи раҳоӣ аз вазъи баамаломада, ки мӯҷиби шӯр задани заминҳо ва аз 30 то 60 фоиз талаф шудани об мегардад, аз ҷониби мамлакатҳои минтақа андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба сарфаи об, тавассути барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва замин, ҷорӣ кардани технологияҳои навини обёрӣ, инчунин қисман иваз намудани пахтаву шолӣ бо зироатҳои камистеъмоли об ва ба гармиву хушксолӣ тобовар мебошад, ки ба ҳалли масъалаҳои марбут ба бӯҳрони озуқаворӣ низ мусоидат хоҳад кард. Ҳамнро махсус бояд қайд кард, ки дар Осиёи Марказӣ агар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон обро асосан барои обёрии заминҳои худ истифода баранд, барои Тоҷикистон ва Қирғизистон об манбаи тавлиди нерӯи барқ аст. Ҳарчанд Тоҷикистон кишвари болооби минтақа аст, вале аз захираҳои об барои обёрии заминҳои кишоварзӣ танҳо 10-12 дар сади онро истифода мекунад. Танҳо муносиботи ҳамоҳангшуда ва мутақобилан судманди кишварҳои минтақа нисбат ба истифодаи захираҳои обу энергетика ва дигар захираҳои табиӣ қодир аст, ки ба ҳалли масъалаҳои ба ҳам вобастаи энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ мусоидат карда, рушди устувори Осиёи Марказиро таъмин намояд. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки башарият аллакай бо мушкилоти нарасидани оби нӯшокӣ рӯбарӯст, чун зиёда аз миллиард нафар сокини сайёраи мо имкони ошомидани чунин обро надоранд. Нархи он бошад дар баъзе кишварҳо имрӯз аз нархи миқдори ҳаммонанди сӯзишворӣ болотар аст. Тоҷикистон, ки аз лиҳози захираҳои оби нӯшокӣ соҳиби яке аз ҷойҳои аввал дар ҷаҳон аст, итминон дорад, ки таъсиси низоми сарфакоронаи истифодаи захираҳои обу энергетика дар миёни кишварҳои болооби минтақа, ки дорои захираҳои бузурги об мебошанд ва кишварҳои поёноб, ки дар онҳо асосан ашёи хоми сӯзишворӣ ҷойгиранд, ба ҳамкориҳои дарозмуддати мутақобилан судманди  онҳо мусоидат хоҳад кард.             Ёдовар шудан бамаврид аст, ки охири моҳи августи соли 2003 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Форуми байналхалқӣ ба муносибати Соли оби тоза баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 20 созмони байналхалқӣ ва 45 кишвари чаҳон иштирок карданд. Дар ин форум Тоҷикистон, ки манбаъҳои бузургтарини обро дорост, масъалаи оби тозаро дар кураи замин чун яке аз масъалаҳои глобалию аҳамияти чаҳонидошта ба миён гузошта, бори дигар таъқид намуд, ки: «Тоҷикистон чун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити глобализатсия аз муаммоҳои дар назди инсоният истода дар канор буда наметавонад». Воқеан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал меистад. Тавре қайд карда шуд, тақрибан шашяки аҳолии курраи Замин ба оби мусаффо дастрасӣ надорад. Бо назардошти ин нуқта СММ бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза эълон намуд. Аҳамияти ин ташаббусро қабл аз ҳама мо дар он мебинем, ки об чун манбаи ҳаётан зарурии инсоният, чун омили муттаҳидкунанда, сулҳофаранда ва ҳамкории мутақобилан судманд хидмат намояд.                      

Май 31, 2010 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст