ОЛИМОН КОРРО ТАВАССУТИ ШАРТНОМА БА РОҲ МОНДАНД
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Олимони Институти ветеринарӣ баҳри амалӣ шудани натиҷаи корҳои илмӣ — тадқиқотӣ дар истеҳсолот, оид ба ташхис, табобат ва пешгирии касалиҳои сироятӣ бо хоҷагиҳои чорводори ҷумҳурӣ корро тавассути шартнома ба роҳ монданд. Олимон ва мутахассисони институти мазкур, тибқи шартномаи ба имзорасида ба сафарҳои хизматӣ баромада, бо мутахассисон ва фермерони хоҷагиҳои чорводорӣ маслиҳатҳои муфид доданд. Айни замон, олимон дар 8 хоҷагии ҷумҳурӣ: Ҷамъияти саҳҳомии занбӯриасалпарварии « Н. Ашуров» -и ноҳияи Восеъ, ҷамоати Навободи ноҳияи Турсунзода, хоҷагии чорводории «Данғара»-и ноҳияи Данғара, хоҷагии паррандапарварии ҶШП «Паррандапарвар» -и ноҳияи Шаҳринав, ҶДММ «Малик -М» ва ҶДММ «Паррандапарвар» -и шаҳри Душанбе дар асоси шартнома корҳои илмӣ — тадқиқотӣ мебаранд, ки ин шакли кор барои ҳарду тараф манфиатовар аст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






