ОСЕБДИДАГОНРО ДАСТГИРӢ МЕБОЯД

Май 14, 2010 09:13

Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарни зерсохторҳои он ҷаласаи назди вазири кишоварзӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ  дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов таъкид намуд, ки аз боронҳои пай дар пай минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ғончӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд бештар зарар диданд. Ҳамзамон  ба 12 шаҳру ноҳияҳои мамлакат зарари калони моддӣ расидааст. Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, аз офати табиӣ майдони 5738 га заминҳои кишт, аз ҷумла 2924,9 га кишти пахта, 2547 га ғаллазор, 64 га картошка, 230 га сабзавот, 44 га полезиҳо, 209 га зироатҳои хӯроки чорво ва зиёда аз 700 га боғу токзор зарар диданд. Ҳамзамон 1496 сар чорво, 35 оилаи занбӯри асал, 756 қуттии пилла талаф ёфтааст. То 11- уми майи соли ҷорӣ аз майдони 9224,9 га замини пахтаи киштшуда 55 гектари он аз нав барқарор карда шудааст,- иброз дошт вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов дар ин ҷаласа. Вазир ҳамчунин таъкид намуд, ки дар муддати кӯтоҳтарин аз тамоми имкониятҳо истифода карда, зарари расидаро то андозаи имконпазир бартараф намоянд.            

Май 14, 2010 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад