ОВОЗХОНОНИ РУСИЯ БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — 30 май дар Кохи Борбад консерти овозхони машҳури эстрадии Русия Максим баргузор мегардад. Овозхон бо даъвати ширкати «Ориёно медиа» ба пойтахти Тоҷикистон ташриф хоҳад овард. Максим тахаллуси овозхони маъруф Марина Максимова буда, дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон таваллуд шуда ба камол расидааст. Ӯ аз синни 14 — солагӣ дар саҳнаҳои гуногун ҳунарнамоӣ кардааст. Овозхони дигари маъруфи Русия Тимати (Темур Элдорович Юнусов) 10 июн дар Кохи Борбад ҳунарнамоӣ мекунад. Ташкилкунандаи консерти Тимати дар Душанбе продюсер Марҳабо Азизова мебошад. Вай зикр намуд, ки ояндаи наздик дар пойтахти Тоҷикистон консертҳои овозхонони Ҳиндустону Эрон ва Туркия ташкил карда хоҳанд шуд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






