ОВОЗХОНОНИ РУСИЯ БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД

Май 26, 2010 17:25

Душанбе,  26 май. (АМИТ «Ховар»,  Людмила Дубинина). —  30  май дар Кохи  Борбад  консерти  овозхони  машҳури эстрадии  Русия Максим баргузор  мегардад. Овозхон  бо  даъвати  ширкати «Ориёно  медиа»  ба  пойтахти  Тоҷикистон ташриф  хоҳад  овард. Максим  тахаллуси  овозхони  маъруф   Марина  Максимова  буда,  дар  шаҳри  Қазони  Ҷумҳурии  Тотористон таваллуд  шуда  ба  камол  расидааст. Ӯ  аз  синни  14 — солагӣ  дар  саҳнаҳои гуногун  ҳунарнамоӣ  кардааст. Овозхони  дигари  маъруфи  Русия  Тимати  (Темур Элдорович  Юнусов)  10  июн  дар  Кохи  Борбад  ҳунарнамоӣ  мекунад. Ташкилкунандаи  консерти  Тимати  дар  Душанбе  продюсер  Марҳабо  Азизова  мебошад.  Вай  зикр  намуд, ки  ояндаи  наздик  дар  пойтахти  Тоҷикистон  консертҳои  овозхонони Ҳиндустону  Эрон  ва  Туркия  ташкил  карда  хоҳанд  шуд.    

Май 26, 2010 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд