ОЗМУН БАРОИ ОЛИМОНИ ТОҶИК

Май 5, 2010 11:07

Душанбе,  5 май. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Барномаи  «Равобити ҷамоатҳо», ки  фаъолияти он  аз  ҷониби  Агентии  рушди  байналмилалии  ИМА  сармоягузорӣ  мешавад,  барои  интихоби  иштирокчиёни таҷрибаомӯзии  касбӣ  дар  ИМА озмун эълон  менамояд. Дар  озмун   мутахассисоне  ширкат  меварзанд, ки  дар  соҳаҳои  таҳкиқоти  илмӣ  кор  кунанд. Иштирокчиёни  барнома  дар  ИМА  бо   тарзу  усулҳои  амалии  ҳамгироии  натиҷаҳои  таҳкиқоти  илмӣ  дар  фаъолияти  созмонҳои  ҳукуматӣ,  ҷамъиятӣ,  инчунин   усулҳои  таъсири  натиҷаҳои таҳқиқоти  илмӣ  ба  ҷараёни қонунгузорӣ  шинос  мегарданд. Ғолибони озмун  барои таҷрибаомӯзӣ ба  ИМА  моҳи  сентябри  соли  равон  фиристода  мешаванд. Ғолибони озмун  бо  роҳи  озмуни кушоди  умумиҷумҳуриявӣ  муайян  карда  мешаванд. Бояд  гуфт, ки  барои  иштирокчиёни  озмун  донистани  забони  англисӣ  шарт  нест.

Май 5, 2010 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад