ОЗМУНИ «РОДМАРДОНИ ВАТАН» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрўз дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов ҷамъбасти гулчини барномаи консертии озмуни минтақавии театрҳои халқӣ ва ҳаваскорони санъат таҳти унвони «Родмардони ватан» доир шуд. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ғолибони озмун ва ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро бо ҷашни 65-солагии ҶБВ табрик карда, ба ғолибон муваффақиятҳои бештар ва ба собиқадорон умри дарозу саломатӣ таманно намуд. Дар гулчини барнома, театри халқии ноҳияи Ғончӣ, театри халқии ноҳияи Ёвон, театри халқии ноҳияи Ишкошим ҳамчун ғолибони озмуни вилоятӣ иштирок намуда, санъати худро пешкаши ҳаводорон гардониданд. Ғолибони се ҷойи аввал бо телевизор вад дигар иштирокчиёни озмун бо диплом, ифтихорнома ва нишони аълочии фарҳанг қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






