ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТРО МЕОМӮЗАНД
Хоруғ, 13 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Омӯзиши Паёми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии ҷумҳурӣ дар саросари кишвар давом дорад. Чанд рӯз пеш омӯзгорону талабагони мактаби миёнаи № 25 – уми ноҳияи Шуғнон паёми мазкурро зимни ҷамъомади умумӣ ҳадафи омӯзиш қарор доданд. Қайд карда шуд, ки омӯзгорон, талабагон ва донишҷӯёни мактабҳои мамлакат низ бояд паёми Президенти ҷумҳуриро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор диҳанд. Зеро он барномаи мукаммали дурнамои тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла, маориф мебошад. Дар паём ба масъалаҳои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи маориф, афзун гардонидани масъулияти кормандони соҳа ба хотири фардои халқу ватан аҳамияти махсус дода мешавад. Ҳадафи асосии мо дар ин самт ҳар чӣ беҳтар таъмин намудани ҳифзи иҷтимоии мардум ва равнақу ривоҷи бештари соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва вусъат додани шабакаи технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Дар замина бояд барои тарбияи кӯдакону наврасони солим, таҳсили ҳамаҷонибаи ҷавонон ва тарбияи мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ шароити мусоид муҳайё карда шавад, гуфта шудааст дар паём. Сардори давлат таъкид менамояд, ки дар масъалаи тарбияи мутахассисони ҷавон омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти калон дорад. Ҷавонони мо бояд пеш аз ҳама забонҳои русию англисиро хуб омӯхта, малакаи хуби кор бо компютерро дошта бошанд. Дар паёми сардори давлат қайд карда мешавад: «Дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба боло бурдани сатҳи фарҳангу маърифат дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда, техникаю технологияи навро ба таври васеъ истифода мебарад». Президенти ҷумҳурӣ зимни суханронии худ дар бораи зарари телефонҳои мобилӣ муфассал сухан ронд. Ҳоло ҳар рӯз мутахассисони соҳаи тиб тавассути барномаҳои телевизионӣ зарари телефонҳои мобилиро ба саломатии инсон ва хусусан ҷавонон таъкид менамоянд. Талабагон ва донишҷӯён бояд бештар ба донишомӯзӣ машғул шаванд, онҳо набояд вақти худро бо бозиҳои телефонӣ ё сӯҳбатҳои беҳуда сарф кунанд. Хароҷоти як телефонии мобилӣ дар давоми моҳ 50 сомонӣ ва дар давоми сол бештар аз 600 сомониро ташкил медиҳад. Мо аз ҷавонон умеди калон дорем, зеро дар оянда масъулияти идораи давлат ва рушди иқтисодиёти кишвар ба зиммаи онҳо гузошта мешавад», — гуфта мешавад дар паёми Президент. Дар ҷамъомади омӯзгорону талабагони мактаб барои амалӣ сохтани нуктаҳо ва талаботи Паёми Президент нақшаи тадбирҳо тартиб дода шуд.