ПОЙГАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДЕСАНТЧИЁН

Май 12, 2010 15:57

Душанбе,  12 май. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  «Иттифоқи  десантчиёни  Сибир»  ба  ҳамаи  иштирокчиёни  амалиёти  ҷангӣ,  хизматчиёни  ҳарбии  Артиши  десанти  ҳавоӣ, баталёни   десантии  зарбазан, аскарони  пиёданизоми  дарёнавард,  қисмҳои  ҳарбии  таъиноти  махсус  ва  разведкаи  ҳамаи  навъҳои  қувваҳои  мусаллаҳи  Қазоқистон,  Ӯзбекистон, Қирғизистон  ва  Тоҷикистон  муроҷиат  намуда,  онҳоро   даъват  мекунад, ки  дар  пойгаи  байналмилалии  автомобили десантчиён  ширкат  варзанд. Пойга моҳи  июл  аз  шаҳри  Бердски  вилояти  Новосибирск  оғоз  меёбад.  Пойгаи  мазкур  ба  муносибати  100 – солагии  зодрӯзи   фармондеҳи  барҷастаи  Артиши  десанти  ҳавоӣ,  генерали  артиш  Василий Маргелов,  65 – солагии  Ғалаба дар  ҶБВ,  80 – солагии Артиши  десанти  ҳавоӣ  ва  60 —  солагии ташкили  қисмҳои  ҳарбии  таъиноти  махсуси  Раёсати  умумии  разведка, «Иттифоқи  десантчиёни  Сибир»  бо ташаббуси  муовини   раиси  иттифоқи  мазкур  В.Винникова  бо  дастгирии  ҳайати  қумондонии  Артиши  десанти  ҳавоӣ,  Иттифоқи  байналмилалии  десантчиён  ва  Иттифоқи  десантчиёни  Русия  гузаронида  мешавад. Дар  пойга тақрибан  10  мошин  аскарону  афсарон  ширкат  меварзанд.  Онҳо  роҳи  мошингарди  Русия – Қазоқистон — Ӯзбекистон  ва  Қирғизистонро  дар  давоми  2,5  ҳафта  тай  хоҳанд  кард.  Дар  шаҳру  ноҳияҳои  қад – қади  роҳ  бо   иштирокчиёни  ҶБВ,  ветеранҳои  ҷанг,  хизматчиёни  ҳарбии  Артиши  десанти  ҳавоӣ мулоқотҳо ташкил  намуда,  барномаҳои  фарҳангӣ  амалӣ  карда  мешаванд. Инчунин  барномаи  сафар  гузаронидани   нишастҳои  матбуотиро  бо  намояндагони  сафоратхонаҳо, мақомоти  маҳаллӣ  ва сокинони  маҳалҳои  аҳолинишин  дар бар  мегирад.

Май 12, 2010 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст