Р. ҲУСЕЙН; «ИМА ОМОДАИ ҲАМКОРӢ АСТ»

Май 20, 2010 13:42

Душанбе,  20 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). —   Намояндаи махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Созмони Конфронси Исломӣ  Рашад Ҳусейн баъди мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон  суҳбати мухтасар анҷом дода гуфт, ки: «Ман бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳамкориҳо, бахусус тасмимгириҳо аз риояи унсуру иҷрои ӯҳдадориҳое, ки дар ҳамкории ИМА бо ҷомеаи мусулмонӣ бояд пиёда шаванд,  баррасӣ намудем. Рашад Ҳусейн афзуд, ки дар мулоқот ҳамчунин зарурият ва аҳамияти ҳамкориҳор дар дар бахшҳои  маориф, тиҷорат тандурустӣ, илм ва технология баррасӣ гардиданд.  «Дар мулоқот таъкид гардид, ки ИМА ба мавзӯи озодии эътиқод дин ва мазҳабҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Мо ӯҳдадор ҳастем то ҷиҳати таъмини озодии риояи рукну унсурҳои исломӣ дар тамоми кишварҳо ва ё минтақаҳои мусалмоншин хоҳ, ки онҳо ақалият бошанд хоҳ аксарият онҳоро таъмин намоем», афзуд Р. Ҳусейн. Мо албатта ҷиҳати  таъсиси комиссия ё ниҳоди  махсус оид ба ҳуқуқи инсон хеле хушнуд ҳастем ва омодагию тасмимгириҳои Хукумати ИМА дар ҳамкории зичи муассир бо ин комиссион аст, гуфт Рашад Ҳусейн.    

Май 20, 2010 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад