РӮЗҲОИ ИДИ ҒАЛАБА ЧАНД РӮЗ ИСТИРОҲАТ МЕКУНЕМ?
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 9 май дар Тоҷикистон 65 – солагии Ғалабаи бузурги халқҳои шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ботантана ҷашн гирифта мешавад. Аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 8 май ба рӯзи шанбе ва 9 май ба рӯзи якшанбе рост меоянд. Бинобар ин мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи истироҳати 9 май ба рӯзи 10 май гузаронида мешавад. Ҳамин тариқ, сокинони Тоҷикистон рӯзҳои иди Ғалаба 8, 9 ва 10 май истироҳат мекунанд. Иди Ғалаба аз соли 1945 сар карда, ҷашн гирифта мешавад. Бо фармони Раёсати Шӯрои олии ИҶШС аз 8 майи соли 1945 9 май ба хотири бузургдошти ғалабаи халқи шӯравӣ бар фашизми Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 иди умумихалқӣ эълон карда шуд. Бо фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС 9 май бори аввал дар Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи истироҳат ва аз соли 1965 иди расмии умумихалқӣ эълон гардид.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






