РАФТУ ОМАДИ ТОҶИКИСТОНИЁН МАҲДУД КАРДА ШУД
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Мақомоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади пешгирии имконияти паҳн гардидани бемории фалаҷи ҳароммағз вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламрави Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии «Братство» маҳдуд сохт. Аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ин бора ҳанӯз 13 май ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ёддошти дахлдор супорида шуда буд. Айни ҳол танҳо ба вуруди дипломатҳо ва шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки барқия доранд ё аз Ӯзбекистон ба ватан бармегарданд, инчунин шаҳрвандони мамлакатҳои дигар¸ шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон мебошанд, инчунин ронандагони мошинҳои транзитии боркаш иҷозат дода мешавад. Маҳдудияти рафту омади шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон танҳо ба сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон дахл дорад, ки бераводид ба ҳудуди ноҳияҳои ҳамсарҳади Ӯзбекистон гузашта то 5 рӯз дар он ҷо буда метавонанд, инчунин ба онҳое дахл дорад, ки бо раводиди туристӣ рафтан мехоҳанд. Маҳдудияти рафту омади шаҳрвандон ба қаламрави Ӯзбекистон то пурра барҳам додани беморӣ дар Тоҷикистон давом хоҳад кард.