РАИСОНИ ША&#1202РУ ВИЛОЯТ&#1202О АЗ ПРОБЛЕМА&#1202ОИ СОКИНОНИ МА&#1202АЛЛ&#1250 ОГО&#1202 МЕШАВАНД

Май 4, 2010 10:46

Қӯрғонтеппа,  4 май. (АМИТ «Ховар», Мурод  Сотиев). —  Раисони   ҳамаи  шаҳру  ноҳияҳои  вилояти  Хатлон  тӯли  рӯзҳои гузашта  мувофиқи  тавсияҳои  Президенти  ҷумҳурӣ  сокинони  маҳаллиро  қабул  карда,  бо  аризаю  шикоят  ва  проблемаҳои  зиндагии онҳо  шинос гардиданд. Роҳбари  дастгоҳи  раиси  ноҳияи  Хуросон  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  раиси  ноҳия  Ғаффор Самадов  рӯзи  шанбе  17  сокини  маҳаллиро  қабул  кард. Ғ.Самадов баъди  анҷоми  қабул  ба  хабарнигорон  гуфт, ки 6 нафар   роҷеъ ба  масъалаҳои  ҷудо  кардани  қитъаи  замин, 5  нафар  роҷеъ ба  масъалаи  хусусӣ  гардонидани  моликият,  5 нафар  дар  масъалаи  гирифтани  сертификати истифодаи  замин  ва  як  нафар  дар  масъалаи  ташкили  хоҷагии  деҳқонӣ   муроҷиат  намуданд. Дар  ноҳияи  Бохтар  зимни  қабули  сокинони  маҳаллӣ  аз тарафи раиси  ноҳия  Абдуалим  Исмоилов   роҳбарони  ташкилоту  муассисаҳои  ноҳия  ҳузур  доштанд. Ҳамон рӯз  19  нафар  сокинони ноҳия  мушкилоти  худро  ҳаллу  фасл  намуд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  раиси  ноҳияи Бохтар  сокинони  маҳаллиро  ҳар  ҳафта  рӯзи  душанбе  қабул  мекунад. Дар  ноҳияи  Вахш  19  сокини  маҳаллӣ  дар  масъалаҳои  ҷудо  кардани  қитъаи  замин, таъминоти об  ва ташкили  хоҷагиҳои деҳқонӣ ба раиси  ноҳия  Шодӣ  Мӯсоев   муроҷиат намуданд. Қайд  карда  мешавад, ки раисони  ҳамаи  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят   ҷадвали  гузаронидани  қабул  ва  мулоқот  бо  сокинони  маҳаллиро тартиб додаанд. Акнун  мулоқоту  вохӯриҳои роҳбарони  шаҳру  ноҳияҳо бо  сокинони  маҳаллӣ  мунтазам  гузаронида  мешаванд.

Май 4, 2010 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад