РАСМИ ГУЗАШТИ НИЗОМӢ ДАР ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН

Май 5, 2010 11:04

Душанбе,  5 май. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —   Ба  шарафи  65 – солагии  Ғалаба  дар  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ дар  Боғи  ғалабаи  шаҳри  Душанбе  расми  гузашти низомӣ  баргузор  мегардад.  Тибқи  нақша,  расми  гузашти низомӣ 7  май  гузаронида  мешавад.  Рӯзи  гузаронидани он шояд  тағйир  дода шавад. Дар  расми  гузашти низомӣ  2200 аскару  афсари  ҷузъу  томҳои  гарнизони  Душанбе, вазорати  мудофиа,  Кумитаи  ҳолатҳои  фавқулодда, артишҳои  дохилӣ ва  марзбон,  аскарони  интернатсионалист ва  гвардияи  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ширкат  меварзанд.  Дар  маросими  мазкур  иштироки   Президенти  ҷумҳурӣ  Эмомалӣ  Раҳмон  пешбинӣ карда  мешавад. Ба  расми  гузашти низомӣ фармондеҳи  гарнизони  Душанбе, фармондеҳи  артиши   зудамали  Вазорати  мудофиа, генерал – майор  Латиф  Файзиев  роҳбарӣ  мекунанд. Рапорти  ҳозирбоши  ӯро Вазири  мудофиаи  ҷумҳурӣ  Шералӣ  Хайруллоев  қабул  хоҳад  кард. Иштирокчиёни  маросим  дар  пояи  ҳайкали  ёдгории  аскари  номаълум  дар  Боғи  ғалаба  гулчанбарҳо  мегузоранд.

Май 5, 2010 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад