РАСМИ ГУЗАШТИ НИЗОМӢ ДАР ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Ба шарафи 65 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе расми гузашти низомӣ баргузор мегардад. Тибқи нақша, расми гузашти низомӣ 7 май гузаронида мешавад. Рӯзи гузаронидани он шояд тағйир дода шавад. Дар расми гузашти низомӣ 2200 аскару афсари ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе, вазорати мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, артишҳои дохилӣ ва марзбон, аскарони интернатсионалист ва гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд. Дар маросими мазкур иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон пешбинӣ карда мешавад. Ба расми гузашти низомӣ фармондеҳи гарнизони Душанбе, фармондеҳи артиши зудамали Вазорати мудофиа, генерал – майор Латиф Файзиев роҳбарӣ мекунанд. Рапорти ҳозирбоши ӯро Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад кард. Иштирокчиёни маросим дар пояи ҳайкали ёдгории аскари номаълум дар Боғи ғалаба гулчанбарҳо мегузоранд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






