РОҲҲО БАСТА ШУДАНД
Хоруғ, 17 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Шаби 17 май дар саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони сахт борид. Дар натиҷа роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа дар мавзеи Дӯствехч баста шуд. Аммо коргарони идораҳои ҳифзу муроқибати роҳҳои вилоят роҳи мазкурро дар муддати кӯтоҳ кушоданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки айни ҳол ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим қатъ гардидааст. Навбатдори ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят Карамалӣ Шехов хабар дод, ки роҳи мошингарди Хоруғ – Андароб баста мебошад, зеро дар ин ҷо бар асари борон сели калон омада, қитъаи роҳро шуста бурдааст. Техникаи идораи ҳифзу муроқибати роҳҳои ноҳия ба ин ҷо фиристода шуд. К.Шехов зикр кард, ки агар бориши борон қатъ гардад, қитъаи роҳ шояд ҳамин рӯз кушода шавад. Дар бораи вазъияти роҳҳои навоҳии дигари вилоят то ҳол ягон хабар нарасидааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






