РОҲҲОИ КОРКАРДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР СУҒД
Душанбе, 25 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои беҳтар сохтани вазъ дар бахши коркарди сабзавот ва меваҷот дар вилояти Суғд дар машварте, ки дар шаҳри Хуҷанд -маркази маъмурии вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони ширкатҳои коркарди меваю сабзавот, сохторҳои давлатӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд, баррасӣ гардид. Ҳадаф аз баргузории машварат ҷустӯҷуи роҳҳои беҳтар сохтани вазъ дар бахши коркарди меваю сабзавот дар минтақаи вилояти Суғд ва ҷалби инвеститсияи хориҷӣ ба ин соҳа мебошад. Дар ҷараёни машварат иштирокдорони он масъалаҳои марбут ба беҳдошти вазъи коркарди меваю сабзавот дар вилояти Суғд, ҳалли проблемаҳои ҷойдошта дар ин соҳа ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди ширкатҳои коркарди меваю сабзавот бо созмонҳои байналмилалии дар ин соҳа фаъолбударо баррасӣ карданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






