РОЗА ОТУНБОЕВА ВАЗИФАИ ПРЕЗИДЕНТРО ИҶРО МЕКУНАД

Май 20, 2010 11:49

Бишкек, 19  май. (АМИТ «Ховар»). —   Ҳукумати  муваққатии  Қирғизистон  қарор  қабул  намуд, ки   раиси  ҳукумат  Роза  Отунбоева   дар  давраи  гузариш  вазифаҳои  президентро  низ  иҷро  хоҳад  кард. Дар  ин  бора  муовини   раиси ҳукумати  муваққатӣ  Азимбек  Бекназаров  хабар  дод. Вай  зикр  намуд, ки  рӯзҳои  наздик  дар  ин  бора  эъломияи  дахлдор  қабул  карда  хоҳад  шуд.  Дар  он  мӯҳлати  ваколатҳои раиси  ҳукумати  муваққатӣ  ҳамчун  президент муайян  карда  мешавад.  Ҳукумати  муваққатии  Қирғизистон  дирӯз   матни  лоиҳаи  Қонуни  асосии  мамлакатро   мавриди  муҳокима  қарор  дод. Матни  онро  иштирокчиёни  Маҷлиси   машваратии   конститутсионӣ  таҳия  намуда, бо  назардошти  пешниҳодоти   дар  ҷараёни  муҳокимаи  умумихалқӣ  бамиёнгузошташуда такмил  дода шуд. Дар  баробари ин  узви  маҷлиси  машваратии   конститутсионии  Қирғизистон Тӯхтаим  Умедалиева изҳор  намуд, ки  баъзе  моддаҳои лоиҳаи Қонуни  асосӣ  бе розигии  аъзои   маҷлис   тасдиқ  карда  шудааст.  Вай  зикр  намуд, ки   масъалаҳои   марбут ба   давраи   гузариш   дар  маҷлис  ба  миён  гузошта  шуда буданд, вале  қисми  зиёди  иштирокчиёни  маҷлис  онҳоро тарафдорӣ  накарданд.

Май 20, 2010 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад