САҲМИ ЗАНОН ДАР ПЕШРАФТИ ЗИНДАГӢ

Май 27, 2010 11:19

Шаҳраки Сомониён, 27 май. (АМИТ «Ховар». Ҳотам Рабиев). — Дар ноҳияи Рўдакӣ занону духтарон дар тамоми соҳҳаҳои зиндагӣ ширкати фаъолона доранд. Барномаҳое, ки дар ин самт қабул карда шудааст, роҳнамои асосии бахши кор бо занҳост. Масалан, «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар ноҳияи Рўдакӣ барои  солҳои 2001-2010», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони ноҳияи Рўдакӣ барои солҳои 2007-2016» бомуваффақият амалӣ гардида истодааст. Тавре, ки мудири шўъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ Роҳила Алибекова ба хабарнигори «Ховар» иттилоъ дод, алҳол зиёда аз 330 нафар занон дар корҳои роҳбарӣ ва зиёда аз 3 ҳазор нафар занону духтарон дар соҳҳаҳои тандурустӣ ва маориф фаъолияти пурсамар доранд.

Май 27, 2010 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд