САБАБИ СЕ БАРОБАР ҚИМАТ ШУДАНИ НАРХИ САБЗӢ МУАММОСТ

Май 12, 2010 09:48

Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Онҳое, ки ҳаррӯза   аз дӯконҳои   шаҳри Душанбе маводи ғизоӣ, аз қабили пиёз, картошка, карам, гӯшт ва боз даҳҳо маҳсулоти кишоварзиро харидорӣ мекунанд, якбора аз се баробар зиёд шудани нархи сабзӣ  дар ҳайрат монданд. Аввалан боло бурдани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар фасли баҳор дар саросари ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳама бозорнишинон андешаи онро  мекунанд, ки захираҳои   тирамоҳии мардум дар моҳҳои март- апрел кам мегардад ва давраи ба даст овардани маблағи бедарди миёни   онҳо  оғоз меёбад. Аз ин рӯ онҳо ҳамаи маҳсулоти дар фасли баҳор вориди бозоршударо бо ҳар роҳ ба даст оварда, нархи стихиявии бозорро ба вуҷуд меоранд ва ба назар чунин мерасад, ки кори онҳо фармоишист ва баробари нафъи худ ба нафъи каси дигар низ кор мекунанд, ки нозиронашон инро нодида мегиранд. Боиси зикр аст, ки дар давоми соли 2009 ва чор моҳи соли 2010  арзонтарин маводи кишоварзӣ сабзӣ ҳисоб меёфт, ки нархи он аз 50 дирам зиёд  набуд ва чӣ шуд, ки дар моҳи май нархи он якбора чор  баробар                (2 сомонӣ) боло рафт. Масъулинро зарур аст, ки сабабҳои болоравии нархро  омӯхта, барои паст кардани он чораҳо андешанд.          

Май 12, 2010 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд