САФАРИ ГУРӮҲИ КОРИИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ БА ВМБК

Май 14, 2010 14:45

Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Бо фармони вазири кишоварзии   Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Қосимов таҳти  роҳбарии муовини вазири кишоварзӣ Султонноёбов Ю.Ю  бо мақсади  расонидани кӯмаки амалию  методӣ  ба хоҷагиҳои кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд.   Гурӯҳи корӣ    рафти кишту кори баҳорӣ, сафарбар намудани техникаи кишоварзӣ, бунёди боғу токзорҳо дар ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз,   бунёди фабрикаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Шуғнон ва корхонаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Хоруғро   омӯхта баромада, тавсияҳои методӣ пешниҳод менамояд. Бо мақсади амалӣ намудани барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ноҳияҳои Дарвоз   ва Ванҷ боғу токзорҳои нав, аз ҷумла боғҳои  себ, нок, зардолу бунёд  карда мешавад. Ҳамзамон  дар таърихи вилоят аввалин маротиба бинои  идораи кишоварзӣ  аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ сохта ба истифода дода мешавад. Гурӯҳи корӣ   муддати як ҳафта рафти омодагиҳоро бахшида ба ҷашни истиқлолият омӯхта баромада ба раёсатҳои кишоварзӣ кӯмаки методӣ мерасонад.  

Май 14, 2010 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд