САРВАРОНИ «СОФЕМА» ВА «АЛФА АЭРОПОРТ» БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД

Май 31, 2010 17:01

Душанбе, 31 мая. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Дар назар аст, ки директорони генералии ширкатњои сохтмонии «Софема» ва  «Алфа Аэропорт» ҷанобон Гийома Жискар Д’ Эстен ва Даниел Раве рўзи 03 июн ба Душанбе биёянд. Сарварони ширкатҳои сохтмонии фаронсавӣ ба рафти корҳои сохтмони терминали нави фурудгоҳи Душанбе аз наздик ошно гашта, дар якҷоягӣ бо роҳбарияти КВД «ФБД» масъалаҳои марбути сохтмонро ҳаллу фасл менамоянд. Дар мактубе, ки унвонии Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ирсол шудааст, омадааст, ки меҳмонон иброз доштаанд љаласаи корӣ баргузор намоянд. Ба маврид аст қайд намоем, ки миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Фаронса қарордоде ба имзо расида, ки мувофиқи он терминали нави замонавӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе сохта, то 20 солагии ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сентябри соли 2011 ба истифода дода шавад. Арзиши сохтмон 27 млн евро аст. ҷониби Тоҷикистон 7 ва ҷониби Фаронса 20 млн-ро ба ӯҳда гирифтаанд. То ҷашни истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани терминали нави фурудгоҳи Душанбе дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлисӣ Олӣ соли 2010 низ таъкид шудааст.  

Май 31, 2010 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад