СЕМИНАРИ МУФИД

Май 18, 2010 16:39

Муъминобод, 18 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). — Дар  ноҳияи Муъминобод  семинар   дар  мавзӯи   лоиҳаи  бақайдгирӣ  ва системаи  кадастрии  замин  барои  рушди  соҳаи  кишоварзӣ  аз тарафи  намояндагони  пажуҳишгоҳи  зоология ва  парзиталогия , пажуҳишгоҳи  илмию  тадқиқотии  зироаткорӣ,  маркази   дастгирии  хусусигардонии  хоҷагиҳо  ва  донишгоҳи  аграрии  Тоҷикистон  доир  гардид, ки  дар  кори  семинар  беш  аз  15  роҳбарони  хоҷагиҳои   деҳқонӣ,  шӯъбаи  муҳити  зисти  ноҳия, мутахасисони  кумитаи   заминсозӣ,  ва  хоҷагии  ҷангал  ширкат   варзиданд.   Мақсад  аз  гузаронидани    семинар   омӯзонидани  усулҳои  муосире, ки   барои  баланд   бардоштани ҳосилнокии  заминҳои  кишоварзи   боғдорӣ,  нигаҳдории  замин  аз  эрозия  мусоидат   менамояд, тавсия  дода  шуд.  Дар   семинар  мутахасисони   академияи  илмҳои  Ҷумҳуриявӣ  ташкилоти  илмии  истеҳсоли  боғпарвар  ва дигар  мутахасисони  соҳаи  кашоварзӣ  баромад  намуда  оид ба пешгири   кардан  аз ҳар  навъ  касалиҳои сироятии  замин,  тарзи   таъмин  кардани    нуриҳои  органикӣ ва  минералӣ   ба  замин,  ва  муҳофизати    зироатҳо  аз  ҳашаротҳои  зарарасон  ба ҳозирин  сӯҳбат  ороста  доир  ба  ин    мавзӯъ  саволу  ҷавоб  намуданд. Маҳмад   Султонов   мутахасиси   пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии боғпарварии ҶТ оид ба соҳаи  картошкапарварӣ   баромад  карда   гуфт, ки   ноҳияи  Муъминобод  ба  картошкапарварӣ  шуғл  дорад  аз  ин лиҳоз  ҳарчи   бештар     заминро    сари  вақт   ба   доруҳои  химиявӣ   таъмин  намуда   картошкаро  аз  ҳар  хел  касалиҳои  сироятӣ пешгирӣ  бояд  кард. Дар  охири  семинар  намояндагон   аз фаъоляти се хоҷагии  деҳқоние, ки  ба  боғкории картошкапарварӣ ва  зироаткорӣ шуғл доранд шинос  гардида  бо  коргарон аз шароити имрӯзаи   онҳо  сӯҳбат оростанд. Мавриди зикр аст, ки чунин семинар дар ноҳияҳои  Ховалинг,  Шӯрообод  ва  Темурмалик  низ  гузаронида   шуд.  

Май 18, 2010 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд