СЕМИНАРИ МУФИД
Муъминобод, 18 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар ноҳияи Муъминобод семинар дар мавзӯи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастрии замин барои рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи намояндагони пажуҳишгоҳи зоология ва парзиталогия , пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии зироаткорӣ, маркази дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо ва донишгоҳи аграрии Тоҷикистон доир гардид, ки дар кори семинар беш аз 15 роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, шӯъбаи муҳити зисти ноҳия, мутахасисони кумитаи заминсозӣ, ва хоҷагии ҷангал ширкат варзиданд. Мақсад аз гузаронидани семинар омӯзонидани усулҳои муосире, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзи боғдорӣ, нигаҳдории замин аз эрозия мусоидат менамояд, тавсия дода шуд. Дар семинар мутахасисони академияи илмҳои Ҷумҳуриявӣ ташкилоти илмии истеҳсоли боғпарвар ва дигар мутахасисони соҳаи кашоварзӣ баромад намуда оид ба пешгири кардан аз ҳар навъ касалиҳои сироятии замин, тарзи таъмин кардани нуриҳои органикӣ ва минералӣ ба замин, ва муҳофизати зироатҳо аз ҳашаротҳои зарарасон ба ҳозирин сӯҳбат ороста доир ба ин мавзӯъ саволу ҷавоб намуданд. Маҳмад Султонов мутахасиси пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии боғпарварии ҶТ оид ба соҳаи картошкапарварӣ баромад карда гуфт, ки ноҳияи Муъминобод ба картошкапарварӣ шуғл дорад аз ин лиҳоз ҳарчи бештар заминро сари вақт ба доруҳои химиявӣ таъмин намуда картошкаро аз ҳар хел касалиҳои сироятӣ пешгирӣ бояд кард. Дар охири семинар намояндагон аз фаъоляти се хоҷагии деҳқоние, ки ба боғкории картошкапарварӣ ва зироаткорӣ шуғл доранд шинос гардида бо коргарон аз шароити имрӯзаи онҳо сӯҳбат оростанд. Мавриди зикр аст, ки чунин семинар дар ноҳияҳои Ховалинг, Шӯрообод ва Темурмалик низ гузаронида шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






