Ш. ЗУҲУРОВ: «ЭРОН ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ ТОҶИКИСТОН АСТ»

Май 20, 2010 15:03

Душанбе, 20 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақли транзитиӣ, ҷалби инвеститсия  зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳури Исломии Эрон Манучеҳр Муттакӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Ш. Зуҳуров доир ба  вазъи муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародар ибрози назар намуда, гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Ҷумҳурии Исломии Эрон шарики боэътимоди худро дар минтақа мебинад ва алоқаманди ҳарчи бештари ҳамкориҳо бо ин кишвар аст. Мусоҳибон ҳамзамон, масъалаи густариши равобити байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эронро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гурӯҳи дӯстии парлумонӣ фаъолият мекунад, ки он дар тавсиаи ҳамкориҳои ҳар ду кишвар нақши муассир мегузорад. Сардори идораи сиёсати хориҷии Эрон  хостори боздиди як ҳайати  палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз Эрон шуд. Аз хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо ҳамчунин,  масъалаҳои вобаста ба вазъи минтақаро муҳокима карданд.

Май 20, 2010 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд