ШАРОИТИ ЗИСТИ АҲОЛӢ БЕҲТАР ГАРДИД

Май 11, 2010 12:03

Душанбе, 11май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, дар 15 соли охир барои беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ қариб 105 ҳазор гектар, аз ҷумла 46 ҳазор гектар замини обӣ тақсим карда дода шудааст. Ҳол он ки дар тамоми давраи 70 соли гузашта ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин , аз ҷумла 55 ҳазор гектар барои қитъахои наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки имрӯз аз ҳамин 105 ҳазор гектар, ки барои беҳтар шудани шароити зисти аҳолии деҳот дода шудааст, 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии мамлакат истеҳсол карда мешавад. Агар 3 сол пештар нархи 1халта орди навъи якуми 50 килогӣ ба 150 сомонӣ расида буд, ҳоло аз 55 то 68 сомониро ташкил медиҳад. Ин аст, ки самаранок истифода шудани замин ба беҳтар шудани шароити зисти аҳолӣ  мусоидат кард.

Май 11, 2010 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд