ШИКАСТАПОРАҲОИ ҲАВОПАЙМО ЁФТ ШУДАНД

Май 20, 2010 11:48

Кобул, 20 май. (АМИТ «Ховар»). -Наҷотдиҳандагон дирӯз  шикастапораҳои  ҳавопаймои  мусофирбари   ширкати хусусии ҳавонавардии «Помир Айрвайс» — ро  дар  ағбаи  Соланг  пайдо  намуданд. Дар  ин  бора  агентии   иттилоотии  Афғонистон «Бохтар»  хабар  дод. Тавре  хабар  дода шуда буд,  ҳавопаймои  мазкур  17  май  бо  44  нафар  мусофир  аз  шаҳри  Кундуз  ба  самти  Кобул   парвоз  карда буд.  Вале он  ба  маҳалли  таъиншуда  нарасида,  ба  фалокат  дучор  гардид.  Тахмин  карда  мешавад, ки   сарнишинони  ҳавопаймо  бо  сабаби  вазъи  номусоиди  ҳаво  онро  идора  карда  натавонистаанд.  Вале  коршиносон  изҳор  намуданд, ки то  ҳол  сабаби  асосии   ба  фалокат   дучор  гардидани  ҳавопаймо  аниқ  муайян  нашудааст. Хабар  дода  мешавад, ки  аз  ҷумлаи  мусофирони  ҳавопаймо  се  нафар  шаҳрванди  Британияи  кабир  ва  як  нафар  шаҳрванди  ИМА  мебошанд.  Сафоратхонаи  Русия  дар  Кобул   хабар  дод, ки   дар  байни  сарнишинони  ҳавопаймо   шаҳрванди  Русия  ва  Тоҷикистон  Александр  Демуров  низ   буд. Ӯ  мувофиқи  қарордод  дар  ширкати  ҳавонавардии  Афғонистон  кор  мекард.

Май 20, 2010 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд