ШУҒЛИ АҲОЛӢ КОРҶӮЁНРО БА КОР ТАЪМИН КАРД
Мӯъминобод, 31 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар ноҳияи Мӯъминобод аз ҷониби шӯъбаи агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. Сардори шӯъбаи номбурда Раҳмон Икромов дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт, ки дар ярмарка намояндагони 10 ташкилоту муассисаҳои ноҳия ширкат варзида барои корҷӯён 180 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод намуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ дар ярмарка 257 нафар корҷӯ иштирок карда, 13 нафар шаҳрвандон аз рӯи ихтисос ба ҷои кор таъмин гардидаанд, ки 4 нафарашро занҳо ташкил медиҳанд. Корҷӯён бештар ба соҳаи шӯъбаи маориф ва фарҳанг мароқ зоҳир намуда, аксари онҳо ба ин соҳаҳо равона гардиданд. Тавассути ярмарка 20 нафар ҷавонони корҷӯе, ки ихтисос надоштанд аз тарафи шӯъба ба омӯзиши курси муҳосибӣ роҳхат гирифта дар ҷамоати деҳоти «Чилдухтарон» мувофиқи мактуби кафолатӣ, ки баъди хатм ҳатмӣ ба ҷои кор таъмин мегарданд, таҳсил карда истодаанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






