ШУҒЛИ АҲОЛӢ КОРҶӮЁНРО БА КОР ТАЪМИН КАРД

Май 31, 2010 15:40

Мӯъминобод, 31 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). — Дар ноҳияи Мӯъминобод аз ҷониби шӯъбаи агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. Сардори шӯъбаи номбурда Раҳмон Икромов дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт, ки дар ярмарка намояндагони 10 ташкилоту муассисаҳои ноҳия ширкат варзида барои корҷӯён 180 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод намуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ дар ярмарка 257 нафар корҷӯ иштирок карда, 13 нафар шаҳрвандон аз рӯи ихтисос ба ҷои кор таъмин гардидаанд, ки 4 нафарашро занҳо ташкил медиҳанд. Корҷӯён бештар ба соҳаи шӯъбаи маориф ва фарҳанг мароқ зоҳир намуда, аксари онҳо ба ин соҳаҳо равона гардиданд. Тавассути ярмарка 20 нафар ҷавонони корҷӯе, ки ихтисос надоштанд аз тарафи шӯъба ба омӯзиши курси муҳосибӣ роҳхат гирифта дар ҷамоати деҳоти «Чилдухтарон» мувофиқи мактуби кафолатӣ, ки баъди хатм ҳатмӣ ба ҷои кор таъмин мегарданд, таҳсил карда истодаанд.

Май 31, 2010 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад