СОХТМОНУ АЗНАВСОЗӢ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД
Файзобод, 11 май. (АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Тайи солҳои охир сохтмону азнавсозӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз ҷониби соҳибкорону сохтмончиён хуб ба роҳ монда шудааст.Дар ноҳияи Файзобод низ дар ин самт корҳои назаррасе ба анҷом расонида шудааст. Зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ»Ховар»,сардори шуъбаи сохтмони асосии ноҳияи мазкур Саттор Болтуев гуфт,ки дар се моҳи соли ҷорӣ,тарҳрезии лоиҳаҳои сохмону таъмири биноҳои ба нақша гирифташуда ба анҷом расонида шуд.Сохтмони -4 синфхонаи иловагӣ дар мактаби рақами 43,ки корҳои сохтмониаш ба ҶДМ-и «Нек-сохт» вогузор мебошад,ба маблағи 44912 сомонӣ корҳои сохтмонию васлгариро иҷро намудааст. Иншооти хонаи истиқоматии 12-ҳуҷрадор идома дода,дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 75264 сомонӣ корҳои сохтмониро ба сомон расонид. Дар соҳаи тандурӯстӣ аз ҳисоби маблағи соҳаи мазкур,таъмири асосии лабаратории эпидемиологии маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳия ба нақша гирифта шудааст,ки арзиши системавии лоиҳа 85196 сомониро дар бар мегирад. Корҳои таъмирии иншооти мазкур ба зиммаи ҶММ-и «Ифтихор-хизматрасон» гузошта шудааст,ки айни замон корҳои таъмирию барқарорсозӣ оғоз гардидааст. Дар соҳаи маориф аз ҳисоби бӯҷаи маҳаллӣ ба маблағи 735851 сомонӣ таъмири ҷории мактабҳои таҳсилоти умумии ҳудуди ноҳия ба нақша гирифта шудааст,ки айни замон сохтмони лоиҳаҳои пешбинишуда оғоз гардидааст. Саттор Болтӯев идома дода гуфт,ки дар се моҳи соли ҷорӣ идомаи корҳои таъмирӣ дар иншооти хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Файзобод идома ёфта истодааст.Корҳои иншооти мазкурро ҶММ-и «РАМС» ба уҳда гирифтааст,ки он ба маблағи 4300 сомонӣ корҳои таъмирию барқарорсозӣ сарф карда мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






