СОКИНОНИ ҒОНЧИРО БА КУҶО МЕКӮЧОНАНД?
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар натиҷаи боридани боронҳои шадиду жола ва омадани сел охири моҳи апрел ва аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияи Панҷакент ва Ғончӣ 13 хона пурра ва 31 манзили истиқоматӣ қисман вайрон шудааст. Дар ноҳияҳои мазкур инчунин 13 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 7 пул, 8 километр роҳҳои мошингард, беш аз 45 километр хатҳои барқу алоқа зарар дидаанд. Гуфтанист, ки маблағи зарар аз офати табиӣ танҳо дар шаҳри Панҷакент 6 миллион сомониро ташкил медиҳад. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода барои пурра ва саривақт бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳру ноҳияи Панҷакент ва Ғончӣ дастур додааст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шаванд. Ёдовар мешавем, ки дар минтақаҳое, ки соли равон дар ноҳияи Ғончӣ сел хисорот овард, қариб ҳар сол чунин ҳодиса ба қайд гирифта мешавад. Аммо муттассифона мардуми минтақа намехостанд аз хонаҳои бобоии хеш кӯч банданд. Ҳамакнун баъди зарар дидан аз офатҳои пайдарпай 100 оила аз ин мавзеи ноҳияи Ғончӣ изҳори омодагӣ намудаанд, ки ба ноҳияи Зафаробод кӯч банданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






