СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ «АМОНАТБОНК» ВА БРТА БА ИМЗО РАСИД

Май 1, 2010 11:13

Душанбе, 1 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). —  30 апрели соли равон дар Душанбе маросими ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ байни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки рушд ва таҷдиди Аврупо (БРТА) сурат гирифт. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд, тибқи созишнома БРТА тавассути Амонатбонк ба самти дастгирии соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон маблағгузорӣ менамояд. БРТА барои дастгирии соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба миқдори 1 миллион доллари ИМА ва барои дастгирии соҳибкории тиҷоратӣ 1 миллион доллари ИМА, ҷамъ ба миқдори 2 миллион доллари ИМА маблагузориҳоро бояд анҷом диҳад. Созишномаро аз ҷониби Амонатбонк Раиси раёсати БДА «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ва аз ҷониби БРТА  Роҳбари намояндагии Бонк дар Тоҷикистон Ульф Хиндстром, ба имзо расониданд. БРТА яке аз бонуфузтарин бонкҳои Аврупо ба ҳисоб рафта, таваҷҷӯҳи зиёд ҷиҳати ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии кишвар дорад ва чандест, ки намояндагию қароргоҳи он дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад. Бонки мазкур, аслан то имрӯз якчанд созишномаро бо бонкҳои тиҷоратии кишвар пиёда намуда буд. Созишномаи мазкур нахустин созишномаи БРТА бо ташкилотҳои давлатии Тоҷикистон мебошад.         

Май 1, 2010 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад