СУДЯҲОИ НАВ ТАЪИН ШУДАНД

Май 25, 2010 13:43

25 майи соли 2010  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди нафаронеро, ки ба мақоми судя ва вазифаҳои дигар дар мақомоти судии мамлакат таъин шуданд, барои сўҳбат ба ҳузур пазируфт. Нахуст Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин намудани 96 нафар ба мақоми судя ва дигар вазифаҳо дар мақомоти судӣ қироат карда шуд. Як қатор кадрҳои дигар бо сабабҳои гуногун аз вазифаҳо озод гардиданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбат аз талаботи роҳбарияти давлату ҳукумат оид ба таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ёдовар шуда, онҳоро ба иҷрои содиқона ва софдилонаи вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти судӣ ҳидоят намуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба 15 нафар бонувони имрўз ба вазифаҳо дар мақомоти судӣ таъиншуда, ба масъулини дахлдори сиёсати кадрҳо дастур дод, ки баҳри интихоби шумораи бештари занону духтарони болаёқат ва ба вазифаҳои масъул дар мақомоти давлатӣ пешбарӣ намудани онҳо тадбирҳои судбахш андешанд, то ки мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон минбаъд боз ҳам баланд бардошта шавад. Аз 96 нафар 55 каси онҳо кормандонеанд, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шуданд. Тибқи талаботи қонунгузории мавҷуда ҳар каси бори аввал ба ин вазифа таъиншаванда дар назди Парчами давлатии Тоҷикистон савганд ёд мекунад, ки матни расмии он чунин аст: «Ман тантанавор савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона ва аз рўйи виҷдон иҷро мекунам. Адолати судиро мутобиқи Конститутсия ва қонун ба амал бароварда, бо амри виҷдон, холисона ва одилона таъмин менамоям». Боиси сарфарозӣ ва ҳам масъулияти бештари ин 55 нафар аст, ки савганди тантанавии судяро дар назди Парчами давлатии Тоҷикистон ва дар ҳузури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ёд карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 25, 2010 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст